Бозпурсии Дилшод ва 14 000 сомонӣ ҷарима шудани ҲНИТ дар Шӯрообод
Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иддао доранд, ки баъд аз мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ дар Кӯлоб таъқибу бозпурсии тарафдоронашон дар ин минтақа афзудааст.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ, гуфт, маъмурони пулиси Шӯрообод бегоҳи 12 июн Дилшод Ғаффоров, узв ва яке аз фаъоли ҳизби онҳоро, ки дар мулоқоти Кабирӣ иштирок доштааст, бозпурсӣ кардаанд. Ғаффоров баъд аз баромадан аз идораи пулис дар сӯҳбати телефонӣ бо масъулони ҲНИТ гуфтааст, гӯиё пулис ба ӯ фишор оварда, то бигӯяд, афродеро, ки рӯзи 10 июн ба сӯи Муҳиддин Кабирӣ тухму помидор партофтанд, дашном додааст. “Пулиси ноҳияи Шӯрообод гуфтааст, 5 узви ҲНИТ ба майдаавбошӣ маҳкум шуда, бояд се шабонарӯз дар маҳкама бошанд”,-гуфт Файзраҳмонов ба нақл аз Дилшод Ғаффоров.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манбаъ, Муҳаммадишо Ҷомиев, раиси дафтари ҲНИТ дар Шӯрообод, низ ба Идораи андози ноҳия даъват шуда, дар бораи пардохти 14 ҳазор сомонӣ ҷарима огоҳинома гирифтааст. Дар ҳоле ки ба қавли Маҳмудҷон Файзраҳмонов, “бахшҳои ҲНИТ дар ноҳияҳо ҳамчун ниҳоди ҷамъиятӣ фаъолият доранд ва ҷаримабандӣ шудани онҳо аз тарафи Кумитаи андоз асос надорад.”