Супоришҳои идонаи Убайдуллоев барои ташкили “фейерверк”, консерт ва тӯй
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, барои таҷлил аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн баргузор мегардад, дастур додааст, тӯйи арӯсии 90 ҷуфт ҷавон, консерт бо иштироки сарояндаҳои беҳтарин ва сайругаштҳои оммавӣ ташкил шаванд.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, Убайдуллоев ба мақомоти амнияту пулис супориши махсус додааст, ки таъмини амниятро дар ин рӯз зери назорати ҷиддӣ гиранд: “Консерти идона 27 июн дар Наврӯзгоҳи пойтахт ва сайругаштҳо дар майдонҳои дигари Душанбе дар назар аст”,-мегӯяд манбаъ.
Шаҳрдори Душанбе, инчунин, супориш додааст, ба муносибати Рӯзи Ваҳдат дар Душанбе оташбозии идона ё “фейерверкг”и 7-дақиқаӣ ташкил шавад. Убайдуллоев масъулияти иҷрои тамоми чорабиниҳои идонаро ба дӯши муовинонаш вогузор карда, аз сокинону меҳмонони пойтахт хсотааст, тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ, санитарӣ ва маромномаи сокини пойтахтро қатъиян риоя намоянд.