Муаррифии ҳисоботи “Ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар Русия”
Ташкилоти ҷамъиятии “Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон” (МҲИ) ҳисоботи аввалия дар бораи “Ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар Федератсияи Русия”-ро муаррифӣ мекунад.
Расми муаррифӣ, 23 июни соли 2014 дар толори бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон баргузор мегардад. Муҳайё Нозимова, ёвари менеҷери ин лоиҳа мегӯяд, муҳимияти таҳқиқоти мазкур дар он аст, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати узви Конвенсияи байналхалқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо, барои ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишвар, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, уҳдадор аст.
“Ҳамзамон, мушкилоти ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар хориҷи кишвар то ҳанӯз амиқ омӯхта нашудааст. Таҳқиқоти мазкур мушкилоти асосии ҳуқуқие, ки бештар муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо он рӯбарӯ мешаванд, дар бар гирифта, ҳамчунин проблемаҳоеро инъикос мекунад, ки сохторҳои расмии Тоҷикистон дар Русия ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди муҳоҷирони меҳнатӣ ба онҳо дучор мегарданд”,-афзуд номбурда.
Таҳқиқоти мазкур аз моҳи ноябри соли 2013 то моши марти 2014, дар доираи лоиҳаи “Пешбурд ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва аҳли оилаи онҳо”, инчунин дар чорчӯби лоиҳаи “Пешбарии ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ ва аҳли оилаи онҳо”, бо сарпарастии IMI OSF гузаронида шудааст.