Дарёфти 11 ҳазор бех ниҳоли бангдона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2014” дар ҳудуди ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров11 ҳазор бех ниҳоли бангдонаи худруйро дарёфт намудаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод ин ниҳолҳо дар масоҳати 0,3 гектар рӯида, феълан ҳамаи онҳо сӯзонида, нест карда шуданд.
Баробари ин мақомоти Суғд сокини маҳаллии 55-соларо боздошт намудаанд, ки дар минтақаи шимол ба паҳн намудани маводи нашъаовар машғул будааст. Манбаъ мегӯяд, аз боздоштшуда зиёда аз 4,5 кило афюн мусодира шуд.