Пирӯзии Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, дар Маскав
Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик ва муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалӣ дар пойтахти Русия ба ҳарифонаш ғолиб омада, сазовори ҷои аввал шудааст.
Бар асоси иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Маскав баргузор шуд, 12 варзишгар ширкат намуда, ҷойи дувум насиби Павел Кривитский аз Беларус ва ҷои сеюм насиби Денис Лукянов -- варзишгари Русия гардидааст.
Аз ин пештар, моҳи майи майи соли ҷорӣ, Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гурзандозӣ дар Олмон мақоми дувумро соҳиб шуда буд. Дар он мусобиқа, ки 17 май дар шаҳри Ҳаллеши Олмон баргузор шуд, Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 79 метру 58 сантиметр ҳаво дода буд.