(АКСУ ВИДЕО) Ҳамсари Шакурӣ: “Устод васият карда буданд, ки...”
Пайвандони зиндаёд Муҳаммадҷон Шакурӣ бар асоси васияти ӯ аз бойгонияш ҳудуди даҳ ҳазор китобу маҷалларо ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим карданд. Ин китобҳо аз тоҷикӣ, форсӣ ва русӣ иборат буда, маросими тақдимаш баъд аз зуҳри 12 июн дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
Дилафрӯз Икромӣ, ҳамсари Муҳаммадҷон Шакурӣ, гуфт, “Муаллим то охири умр бо китоб буданд. Аввалин ва охирин васияташон ин буд, ки китоб дастраси хонандаҳо шавад. Ман ҳам кӯшиш кардам, то ин васиятро иҷро кунам. Акнун умед дорем, китобҳо давоми умри устод бошанд ва барои хонандаи ҷавон хизмат кунанд”.
Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ 17 сентябри соли 2012 дар синни 87-солагӣ даргузашт. Ӯ тӯли шаст соли кораш дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт даҳҳо асару садҳо мақола дар мавриди адабиёти муосир, классикӣ ва забони тоҷикӣ навишта, муаллифи 44 китоб ва бештар аз 500 мақола мебошад.