Мансаби нави Маликшо Неъматов ва подполковник Абдуллозода
Маликшо Неъматов, сафири тозатаъини Тоҷикистон дар Олмон, дар як суҳбати ихтисосӣ гуфт, ҳадафаш муаррифии кишвар дар қораи Аврупо ва ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба Тоҷикистон мебошад. Ҷаноби Неъматов, ки то ин дам ба ҳайси раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ кор мекард, рӯзи 11 июн бо фармони раисиҷумҳур сафири нави Тоҷикистон дар Олмон таъин гардида, курсии худро дар ихтиёри Абдуллозода Аҳтам Рустам гузошт.
Маликшо Неъматови 45-сола зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон буда, аввал Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-шарқшинос ва баъдан Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Ӯ фориғуттаҳсили Академияи хидмати давлатии Русия мебошад. Ӯ аз соли 2007 ба ин сӯ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон буд ва ҳамзамон ба ҳайси муовини президенти Кумитаи миллии олимпӣ кор мекард.
Маликшо Неъматов дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, қабл аз содир шудани фармон бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти хос дошт ва раисиҷумҳур аз ӯ хостааст, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар хориҷ аз кишвар талош бикунад. Ба қавли мусоҳиби мо, ӯ то ин дам узви кумисюни байниҳукуматии Олмону Тоҷикистон буд ва аз ҳолу ҳавои он кишвар ба хубӣ огоҳ аст.
“Ин як масъулияти дигар аст. Бояд манфиати миллиро ҳифз карда, муносиб ба бовари раҳбари кишвар кор кунем. Баъдан, ба Тоҷикистон сармоягузоронро оварда, корхонаҳои нави муштарак боз намоем. Дастури президент ҳам ин буд, ки ҳамкориҳоро бо Иттиҳодияи Аврупо, махсусан Олмон, тақвият бахшем. Борҳо дар намоишгоҳҳои сайёҳӣ дар он кишвар иштирок карда, бо созмонҳои олмоние, ки дар кишвари мо фаъоланд, низ ҳамкорӣ доштем”,-гуфт сафири нави Тоҷикистон дар Олмон.
Маликшо Неъматов дар идома дар бораи Абдуллозода Аҳтами Рустам, раиси нави Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ низ суҳбат кард. Ӯ гуфт, Абдуллозода Аҳтам Рустам қаблан ба унвони сардори шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон машғули кор будааст. “Абдуллозода Аҳтами Рустам ҷаҳонбинии васеъ дорад ва таҷрубаи мактаби бузурги дастгоҳи президентро гирифтааст. Ӯ метавонад дар ин самт муваффақ бошад”,-афзуд Неъматов.
Абдуллозода 34 сол дошта, дар деҳаи Андароби ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Ӯ соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиноси байналмилалӣ хатм кардааст. Рутбаи ҳарбии подполковник дошта, бо медалҳои ҷашнии «80 солагии Ташкилоти мададгори мудофиа», «85 солагии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «85 солагии милитсияи Тоҷикистон» ва «15 солагии Гвардияи миллии Тоҷикистон» мукофотонида шудааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.