Сафари расмии раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ ба Туркманистон
Пак Кин Хе, раисиҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ бо як сафари расмии дурӯза аз Туркманистон дидан мекунад. Ин сафар 21-22 июн дар ҷараёни боздиди Пак Кин Хе аз се кишвари Осиёи Марказӣ сурат мегирад, ки дар ҷараёни он Кин Хе ба Узбакистон (16-18 июн) ва Қазоқистон (18-20 июн) ҳам меравад.
Пак Кин Хе нахустин президенти Корея хоҳад буд, ки аз Туркманистон дидан мекунад. 20 июн вай бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон мулоқот намуда, ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард.