Коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон
Бонки марказии Русия мегӯяд, интиқоли маблағ аз ин кишвар ба Тоҷикистон тариқи низомҳои интиқоли пул нисбат ба солҳои пешин коҳиш ёфтааст. Ба иттилои манбаъ, давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ 644 миллион доллар аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 35,7 миллион кам мебошад.
Ин бонки Русия илова намудааст, ки ҳаҷми интиқоли миёнаи маблағ низ коҳиш ёфта, агар дар се моҳи аввали соли 2013 он 310 долларро ташкил медод, дар ҳамин давраи муайяни соли ҷорӣ то ба 270 доллар поин рафтааст. Ҳамзамон, манбаъ аз коҳиши интиқоли маблағ аз Русия ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ хабар додааст.
Бар асоси гузориши Бонки марказии Русия дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз ин кишвар ба Узбакистон 910,4 миллион доллар интиқол ёфтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи муайяни соли гузашта 120 миллион кам мебошад. Аз Русия ба Қирғизистон давоми се моҳ 386,04 миллион интиқол ёфтааст, ки нисбат ба давраи соли гузашта 6,2 миллион кам ба назар мерасад ва дар Туркманистон (6,5 миллион доллар-2014 ва 2013-4,3 миллион) ин нишондод 2,2 миллионро ташкил медиҳад.
Афзоиши ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Қазоқистон дида мешавад, ки давоми се моҳи аввали соли 2014 93,2 миллион доллар фиристода шудааст ва нисбат ба ҳамин давраи муайяни соли гузашта 5,9 миллион зиёд мебошад. Бар асоси натоиҷи солонаи 2013 аз Русия ба Тоҷикистон ҳаҷми интиқоли маблағ 4 миллиарду 154,3 миллион долларо ташкил дода, нисбат ба соли 2012 520,1 миллион зиёд мебошад. Ҳаҷми миёнаи интиқоли маблағ давоми се моҳи охири 2013 351 долларо ташкил медод.
Шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия беш аз як миллион буда, ахиран Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия шумораи онҳоро 1 миллиону 170 ҳазору 825 нафар эълон карда буд.