Парванда алайҳи падар барои таҳсил накардани писар
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд алайҳи як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои эҷоди монеа дар таҳсили фарзандаш парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Раёсати умури дохилии Суғд хабар доданд, сокини ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Х.О.-и 46-сола, аз соли 2011 инҷониб намегузоштааст, писари ноболиғи 14-солааш ба мактаб рафта, таҳсил кунад.
Ин дар ҳолест, ки давоми чанд моҳи ахир Раёсати умури дохилии вилояти Суғд алайҳи сокинони Конибодому Ашт ва Истаравшан низ барои монеагузорӣ дар таҳсили фарзандони мактабхонашон парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.