Раҳмон аз раисон хост, бо соҳибкорон ҳамкории бештар кунанд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 12 июн шунидани ҳисоботи телефонии раисони ноҳияҳои вилояти Хатлонро идома додааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, оқои Раҳмон ҳисоботи телефонии раисони Кӯлоб, Сарбанд, Хуросон, Ёвон, Фархор, Ҳамадонӣ ва Восеъро шунидааст.
“Президент ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо доир ба вусъат бахшидани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ташкили корхонаву коргоҳҳои нав ва таъсис додани ҷойҳои нави кории иловагӣ супоришҳои мушаххас дод”,-гуфт манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, раисон ҳамкорӣ бо соҳибкорон, хусусан соҳибкорони истеҳсолиро ҳарчи бештар густариш диҳанд. Раисиҷумҳур, инчунин, аз раисони шаҳру ноҳияҳо тақвият додани корҳои ободонӣ, тармиму азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо ва бунгоҳу марказҳои саломатиро талаб намудааст.