Лимити барқ дар тобистон. Кӣ бояд ҷуброни зарари маънавӣ пардозад?
Абдулазизи ВОСЕЪ
Чанд вақт мешавад, сокинони бархе навоҳии кишвар барқро бо лимит мегиранд. Рӯзона ба муҳлатҳои мухталиф ва гоҳҳо тамоми рӯз барқ хомӯш мешаваду танҳо наздикии аср рӯшан мегардад. Шабона ҳам истисно нест.
Наздики 7 моҳи реҷабандии барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон кам набуд, ки акнун дар тобистон ҳам бояд мардум онро бо лимит бигиранд? Аз он ки зиёд гуфтаанду ба эҳтимоли қавӣ чандин соли дигар мегӯянд, дарк мекунем, ки давлат тавони дар зимистон пурра бо барқ таъмин кардани аҳолиро надорад ва лимит ногузир аст, аммо хомӯш кардани он дар тобистон чӣ маънӣ дорад? Агар ин амал ба корҳои тармим ё тавре мегӯянд “омодагӣ ба зимистон” рабт дошта бошад, пас, оё мардум ҳақ надоранд, пешакӣ огаҳ шаванд? Ва ҳам шабона чӣ гуна корҳои тармим метавонад бошад?
Гузашта аз ин, дар бархе ноҳияҳои ҷумҳурӣ симчӯбҳо ҳоли табоҳе доранд: пӯсидаву шикаста ва дар ҳолати садамавиянд. Касе намедонад, кай чаппа мешаванд. Агар Худое накарда якеаш чаппа шуд, барои барқарор кардани он баъзан моҳҳо бояд мунтазир буд.
Агар, воқеан, лимити тобистона ба хотири таъмиру тармим аст, чаро кормандони шабакаҳои барқиро дар ҳоли иваз кардани симчӯбҳо намебинем. Рафту пули истифодаи нерӯи барқ сари вақт супурда нашавад, нозирон таҳдиди қатъ кардани онро мекунанд, аммо чаро ҳоло сабабҳои хомӯш кардани он ба мардум гуфта намешавад?
Шояд бархе масъулин мегӯянд, дар тобистон барқ чӣ лозим. Аз барои Худо, ақаллан се моҳи тобистон бигзоред мардум ғами бебарқиро надошта бошанд ва ин мушкилро фаромӯш созанд. Мардум аллакай ба реҷабандии барқ дар тирамоҳу зимистон, ки ба баҳор низ мепечанд, одат кардаанд.
Бебарқӣ натанҳо барои аҳолӣ, балки барои корхонаҳо ҳам мушкил эҷод мекунад. Ба ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ ҳамасола дар пайи ҷорӣ намудани лимит дар навоҳии Тоҷикистон ҳудуди 850 корхонаи хурду миёна аз фаъолият мемонанд. Ба ҳисоби ин ниҳоди молиявӣ дар пайи ҷорӣ намудани маҳдудияти барқ, иқтисодиёти Тоҷикистон дар фасли зимистон беш аз 200 миллион доллари амрикоиро аз даст медиҳад.
Зарари маънавии аҳолӣ аз ин лимит ҳисоб надорад. Аммо агар ин лимит дар тобистон бошад чӣ? Ин ҳамаро кӣ бояд ҷуброн кунад?