Боздошти 505 фоҳиша дар 3 рӯз: 450 нафар бемор баромадаанд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тайи се рӯзи рейд алайҳи ҷиноятҳои ахлоқӣ 505 фоҳиша ба мақомоти умури дохилӣ оварда шуда, аз ташхиси тиббӣ гузаронда шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, тайи се рӯзи ахир – аз 9 то 11 июн – барои ҷиноятҳои ахлоқӣ 16 парвандаи ҷиноӣ боз шуданд: “Аз ҷумла, барои ташкил ва нигоҳдории фоҳишахона, даллагӣ ё занҷалобӣ - 13 парванда, ҷалб намудан ба фоҳишагӣ - 2 парванда ва барои ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани мавод ё предметҳои порнографӣ - 1 парванда боз шудааст.”
Манбаъ таъкид мекунад, тайи ин муддат барои амалҳои гомосексуалистӣ 3 нафар, барои даллагӣ 39 нафар, барои нигоҳдории фоҳишахона 10 нафар, барои паҳн намудани маводи порнографӣ 1 нафар барои чораандешӣ ба мақомоти умури дохилӣ дастрас гардидаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи нафарҳои боздоштшуда аз ташхиси тиббӣ гузаронда шуда, дар натиҷа муайян гардид, ки 450 нафар мубталои касалиҳои сирояткунандаи бо алоқаи ҷинсӣ гузаранда мебошанд.