Эълони рӯзи хомӯшӣ ва ҳушдор ба номзадҳо дар Афғонистон
Маъракаи таблиғотию муборизаҳои интихоботии номзадони давраи дуюми интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон ба поён расид.
Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон сар аз имрӯз 12 июн “рӯзи хомӯшӣ” дар кишвараш эълон карда, мегӯяд, номзадон аз ин сӯ ба баъд, дигар ҳаққи таблиғот бурдан надоранд. Бар асоси қонунгузории Афғонистон ду рӯз пеш аз баргузории интихобот “рӯзи хомӯшӣ” дар ин кишвар эълон шуда, тамоми барномаҳои таблиғотии номзадҳо қатъ карда мешавад.
Нурмуҳаммад Нур, сухангӯи Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, расонаҳои хабарӣ низ ҳаққи пахши барнома ба ҷонибдорӣ аз номзадеро надоранд. Дар ҳамин ҳол, Кумисюни мустақили шикоятҳои интихоботии Афғонистон низ рӯзи 11 июн ба ситодҳои интихоботии ду номзади давраи дуюм ҳушдор додааст, то баъди эълони рӯзи хомӯшӣ таблиғот набаранд.
Давраи дуюми интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон қарор аст, рӯзи 14 июни соли ҷорӣ баргузор шавад. Дар он ду номзад доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай барои дарёфти курсии раёсати ҷумҳурии Афғонистон вориди рақобат мешаванд.
Давраи аввали интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 3 июн баргузор шуда, дар он ҳашт номзад - Абдуллоҳи Абдуллоҳ, Абдураб Расули Сайёф, Қутбиддин Ҳилол, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, Зулмай Расул, Гул Оғо Шерзай, Ҳидоят Амин Арсало ва Довуд Султонзай иштирок доштанд. Кумисюни марказии интихоботи Афғонистон дар пайи эълони натоиҷи аввалияи интихобот эълон намуд, ки дар ин давра ягон номзаде натавонист, беш аз 50 дар сад раъйи мардумро ба даст орад ва аз ин рӯ, ду номзади пешсаф - доктор Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки бо соҳибии 33,8 дарсади оро дар мақоми дуюм қарор дорад, дар даври дуюми интихобот вориди рақобат мешаванд.