Дастури Раҳимзода ба генералҳо: Ҳамла ба Кабирӣ ва сафорат таҳқиқ шавад!
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, барои таҳқиқи ҳамла ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва бетартибӣ дар назди сафорати Британияи Кабир дар Душанбе гуруҳҳои махсуси корӣ таъсис додааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, роҳбарии таҳқиқи қазияи ҳамла ба Кабирӣ ба уҳдаи генерал-майор, муовини вазири умури дохилӣ Искандар Солеҳзода, вогузор шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ҳамлаи дигар низ, ки рӯзи 10-уми июн дар Душанбе ба сафорати Британияи Кабир содир шудааст, мавриди таҳқиқ қарор мегирад: “Барои таҳқиқи ҳодисаи назди Сафорат таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милистия Умарзода Икром Ислом гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба мавриди санҷиш қарор дорад.”
Ин дастуроти вазири умури дохилӣ дар ҳолеянд, ки рӯзи 10-уми июн Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили парлумон дар шаҳри Кӯлоб бо тухму памидор мавриди ҳамла қарор гирифта буд ва худи ҳамон рӯз чанд нафари дигар дар Душанбе назди сафорати Британия бетартибӣ карда, ба сӯи бинои сафорат санг партофтаанд.