Эълони исми беҳтаринҳои футбол дар моҳи май
Дилшод Восиев, ҳамлагари тими “Истиқлол”-и Душанбе беҳтарин бозигари мусобиқаи футболи Тоҷикистон дар моҳи май эътироф шудааст. Тавре торнамои Федератсияи футбол менависад, Восиевро дар пайи баргузории як назарпурсӣ аз сӯи федератсияи футбол беҳтарин шинохтаанд.
“Ҳамчунин Нуъмонҷон Юсупов, сармураббии клуби “Хуҷанд”-и Хуҷанд беҳтарин тренер ва Насрулло Кабировро беҳтарин довар дар моҳи рафта эълон карданд”,-хабар медиҳад манбаъ.
Гуфтанист, ҳар моҳ як ҳайати вижаи доварон беҳтарин бозигар, мураббӣ ва доварри футболи Тоҷикистонро муайян ва исми онҳоро эълон мекунад. Беҳтаринҳо аз ҷониби федератсияи футбол ба маблағи 500 сомонӣ (ҳар кадом) ҷоиза мегиранд.