Шикояти Ашӯргул Солеҳова аз болои мудири маорифи Хатлон
Ашӯргул Солеҳова (Шабафрӯз), хабарнигори нашрияи “Набзи Қӯрғонтеппа”, бо ирсоли номаи шикоятӣ ба Давлатшо Гулмаҳмадов -- раиси Хатлон гуфтааст, то нисбат ба мудири маорифи вилоят чора андешад. Дар ҳоле ки ба қавли Солеҳова, Хоналӣ Қурбонзода борҳо ӯро дар байни мардум таҳқир намудааст.
Ин хабарнигор мегӯяд, бори охир, ҳангоми занги камолот, Қурбонзода бо ӯ дағалона рафтор намуда, монеи иҷрои кори хабарнигорияш шудааст: “Рӯзи 7 июн ҳангоми таҷлили занги камолот дар литсейи Ориёнои шаҳри Қӯрғонтеппа, ки иштироки Давлатшо Гулмаҳмадов, раиси вилояти Хатлон ва Амирулло Асадулло, раиси шаҳр дар назар буд, бояд аксбардорӣ мекардам. Аммо Хоналӣ Қурбонзода сарфи назар аз он ки ман худро муаррифӣ кардам, монеи иҷрои вазифаам шуда, нагузошт, аксбардорӣ намоям. Дод зада гуфт, “сурати мегирифтагии ту ба ягон кас даркор нест, рав, дар қатори талабаҳо ист.”
Солеҳова мегӯяд, ин бори аввал нест, ки мудири маорифи Хатлон ӯро таҳқир мекунад: “Як бори дигар, вақти адои вазифа будам, ки пурсид, чӣ кораӣ? Гуфтам, журналист. Ба либосам нигоҳ карда гуфт, “аз сару формаат маълум аст, ки ту журналистӣ”. Ин рӯзноманигор таънаи масъули маорифро аз сарулибосаш таҳқири шахсияти худ хонда, афзуд, “12 сол аст, ки дар ҳамин соҳа кор мекунам ва ягон бор ба хонаам як халта орд набурдаам. Ба ин маоше, ки мо дорем наметавонам сару либоси қимат пӯшам.”
Ашӯргул Солеҳова илова намуд, феълан ба раёсати вилояти Хатлон муроҷиат карда, талаб намудааст, ки нисбат ба роҳбари маорифи вилоят чораандешӣ шавад. Солеҳова муаллифи се маҷмӯаи шеър бо номи “Қисматсарои миллатам”, “Пайғоми Хуросон” ва “Гули бодом” буда, соли 2013 ҷоизаи беҳтарин ходими адабиро аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар соҳиб шудааст.