Талаби САҲА (ОБСЕ) аз ҳукумати Тоҷикистон дар бораи Ютуб
Дуня Миятович, масъули умури озодии матбуот дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ), аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардааст, то дастрасии сокинон ба шабакаи Ютубро таъмин кунад. Дастрасӣ ба ин шабакаи видеоӣ рӯзи 9 июни соли ҷорӣ тавассути чанде аз ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон маҳдуд шуда, аммо масъулони Хадамоти алоқа гуфтаанд, дар ин кор даст надоранд.
Хонум Миятович, ки рӯзи 11 июн дар ҷаласаи 26-уми Шӯрои Созмони Милал оид ба ҳуқуқи башар дар Женева суҳбат мекард, гуфт, ин масъулияти ҳукумат аст, то тамоми шаҳрвандонаш ба иттилоъ дастрасии бевосита дошта бошанд. “Ҳамагуна маҳдудкуниҳо бояд дар асоси қонун ва бар пояи қарори додгоҳ сурат бигирад”,-илова кардааст ӯ. Дар ҳоле ки ба қавли Дуня Миятович, то ҳол иттилои расмӣ дар бораи масдуд шудани Ютуб вуҷуд надорад.