Иқрори Усмоналӣ Ғайратов: Аз кори кардаам 100 бор пушаймонам
Усмоналӣ Ғайратов, сарбози қисми низомии 2620-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки дар латту кӯби ҳамхидматаш Шаҳбол Мирзоев муттаҳам мешавад, рӯзи 11 июн дар додгоҳ худро гунаҳкор эътироф кард. Ғайратов ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ гуфт, “дар вайрон намудани оинномаи ҳарбӣ худро гунаҳкор меҳисобам ва аз кори кардаам сад бор пушаймонам. Ба саломатии Шаҳбол зарар расондам ва барои ин корам ҷавоб медиҳам.”
Ин сарбози нерӯҳои марзбонӣ иттиҳом дар мавриди саривақт нарасондани ёрии тиббиро рад намуда, аммо изҳор дошт, ки дар лаҳзаҳои аввал маълумоти бардурӯғ пешниҳод кардааст: "Дар ҳақиқат, мо гуштӣ гирифта будем ва Шаҳбол ҷароҳат бардошт. Аммо ман ба ӯ ва дигар ҳамхидматҳо гуфтам, ки дурӯғ гӯянд, ки гӯиё Шаҳбол худаш нос кашида, ғалтидааст." Додраси қазия ба Ғайратов гуфт, ҳангоми шоҳидӣ додан дар мурофиа духӯрагӣ накунаду ҳақиқатро гӯяд, чун он ҳама ба назар гирифта мешавад. Ғайратов изҳор дошт, феълан ӯ ҳақиқатро мегӯяд ва омодааст барои кори кардааш ҷавоб гӯяд. Рӯзи чоршанбе дар баробари Усмоналӣ Ғайратов, дар мурофиаи додгоҳӣ, инчунин, чанд нафари дигар, аз ҷумла сардори нуқтаи тиббии қисми низомӣ шоҳидӣ доданд.
Баргигул Солеҳова, иҷрокунандаи сардори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620, ҳангоми шоҳидӣ додан дар додгоҳ гуфт, субҳи 7 марти соли ҷорӣ хабар ёфтааст, ки Шаҳбол ҷароҳат бардоштааст. "Вақте ба наздаш рафтам, дидам, дарди сахти миён дораду як пойяш аз кор мондааст",-гуфт ӯ. Солеҳова таъкид намуд, дар бадани Шаҳбол ҳеч гуна пайи сурху кабуд дида намешуд: “Вале санҷидани ҳаракат ба пояш сӯзан задам, ки ҳеч ҳаракате нашуд”.
Хонум Солеҳова илова намуд, Шаҳбол бори якум ба ӯ гуфтааст, аз баландӣ афтодааст, вале баъдан аз бародари Шаҳбол хабар ёфтааст, ки ӯ дар натиҷаи гуштӣ бо Усмоналӣ ҷароҳат бардоштааст. Баргигул идома дод, аслан дар қисми низомӣ гуштӣ гирифтан мумкин нест ва қаблан низ боре гуштигирии сарбозонро мушоҳида накардааст: “Дар қисми низомӣ 6 фелдшер фаъолият дошт, ки 4 нафари онҳо барои навбатдорӣ ҷалб мешуд. Усмоналӣ Ғайратов барои навбатдорӣ дар қисми ҳарбӣ ҷалб намешуд, зеро мегуфтанд, аввал ӯ корро омӯзад. Хабардор набудам, ки қаблан Усмоналӣ маҳкум шудааст. Ӯ бо фармони худи генерал соли 2013 дар қисми низомӣ ба кор таъин шудааст”.
Солеҳова мегӯяд, агар ҳамкорашон Гулрафтор Ширинова, ки рӯзи рух додани ҳодиса навбатдорӣ дар бунгоҳи тиббиро бар дӯш дошт, ба хонааш намерафт, шояд кор то ба ин сатҳ намерасид. Аммо Гулрафтор Ширинова, ки дар хунукназарӣ муттаҳам мешавад, изҳор дошт, он рӯз аз сабаби бемор шудани фарзандаш аз раҳбарияти нуқтаи тиббии қисми низомӣ - Солеҳова ҷавоб гирифта, дар ҷои худ Усмоналӣ Ғайратовро таъин карда буд: “Тибқи низомнома ман чунин ҳақро дорам, ки дар сурати бемор шудани фарзандам муваққатан ҷавоб гирам”.
Музаффар Наҷмиддинов, масъули Маркази миллии тиббӣ ва ҷарроҳи асаб, низ дар додгоҳ шоҳидӣ дода, гуфт, "вақте Шаҳболро ба беморхона оварданд, воқеан, ҳам ҳолаташ вазнин буд ва дар бадани ӯ пайи “бақлашка” намудор буд. Ташхис нишон дод, ки ҳароммағзаш канда шудааст. Агар саривақт ҳам меоварданд, шонси сабук кардани ҳолати Шаҳбол вуҷуд надошт.” Ба суоли додситон дар мавриди саломатии Шаҳбол дар оянда Наҷмиддинов посух дод, ки “аз таҷрибаи кориям гуфта метавонам, нафари дигаре, ки монанди Шаҳбол ҷароҳат дошт, баъди 18 соли табобат сиҳат шуда буд. Ҳолати нафари дигар бо чунин ҷароҳат, ки дар Ҳиндустон табобат мегирифт, бетағйир боқӣ мондааст”.
Додгоҳ мурофиаи навбатиро рӯзи 16 июн таъин карда, интизор меравад, баъд аз шунидани баромади вакилону додситон ҳукми худро эълон кунад. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 9 июн Ҷавлон, сарбози дигари қисми низомии 2620-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар додгоҳ латту кӯб шудани Шаҳбол Мирзоев аз сӯи Усмоналӣ Ғайратовро тасдиқ карда буд. Ба қавли Ҷавлон, Шаҳбол Мирзоев шоми 6 марти соли ҷорӣ аз тарафи Усмоналӣ Ғайратов дар нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 мавриди латту кӯб қарор гирифтааст. Ин сарбоз дар додгоҳ гуфт, Ғайратов дар утоқи тиббии қисми низомӣ менишаст ва вақте аз панҷара Шаҳболро мебинад, ӯро ба дохил даъват мекунад. Ба нақли Ҷавлон Ёриев “вақте Шаҳбол вориди утоқ шуд, Усмоналӣ ба ӯ гуфт, то ҳарду рӯйи худро дам кунад ва ҳамон замон як шаппотӣ зад.” Аз рӯи нақли Ҷавлон, Усмоналӣ баъд аз ин ба Шаҳбол пешниҳод мекунад, то бо ҳам гуштӣ бигиранд ва ҳарчанд Шаҳбол рад мекунад, Усмоналӣ ӯро ба замин ғалтонда ба шикамаш бо лагад мезанад.
Барои назорати ҷараёни ин мурофиаи додгоҳӣ теъдоди зиёди одамон омада буданд, вале ба далели маризӣ Шаҳболу падараш натавонистанд ба мурофиаи биёянд. Онҳоро дар додгоҳ Бунёд Ёрматов, яке аз наздиконашон ва, инчунин, вакили мудофеъ Абдурҳамон Шарифов намояндагӣ доранд. Парвандаи латту кӯби Шаҳбол Мирзоев ҳанӯз моҳи марти соли ҷорӣ бар асоси моддаи 373, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ боз шуда буд. Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Шаҳбол, мегӯяд, Усмоналӣ Ғайратов барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ ва нақзи оинномаи рафтори сарбозон муттаҳам мешавад ва ҳамроҳи ӯ Гулрафтор Ширинова, фелдшери нуқтаи тиббии қисми низомии нерӯҳои марзбонӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, низ дар курсии айбдорӣ нишастааст. Ширинова барои хунукназарӣ ҳангоми иҷро кор муттаҳам мешавад.
Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Масъулини Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе, ки ин қазияро тафтиш доранд, гуфта буданд: “Гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст. Алайҳи Ғайратов тибқи моддаи 373-юми Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои ойинномавии муносибат байни хидматчиёни низомие, ки тобеъи ҳамдигар нестанд) парванда боз шудааст.”
Вале Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия қасдан латту кӯб шудани сарбоз Шаҳбол Мирзоевро такзиб ва айбдор будани масъулини саррраёсатро дар ин қазия рад кард. Дар иттилоияи ин ниҳод омада буд, “пеш аз ҳодисаи осебгирии Мирзоев Шаҳбол дар вақти гӯштигирӣ Ғайратов ягон маротиба мавриди лату кӯб қарор надошт. Ҳолати бо теғ (лезва) буридани пойҳои Мирзоев Ш. Н. ҳам ба ҳақиқат наздикӣ надорад, танҳо баъди гирифтани осеб аз ҷониби табибон барои муайян кардани ҳискунии пойҳои ӯ бо сӯзан пай монда шудааст.”