Задухӯрди мусаллаҳонаи маргбор дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон мегӯяд, шаби 9 ба 10-уми июн, зимни ҷилавгирӣ аз интиқоли маводи мухаддир ба кишвар миёни низомиёни тоҷик ва қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона сар задааст.
Ба иттилои манбаъ зимни амалиёти махсус, ки муштаракан бо қушунҳои сарҳадӣ гузаронда шуд, дар минтақаи “Шуркул”-и ноҳияи Панҷ қочоқбарони афғон муқовимати мусаллаҳона нишон доданд: “Дар натиҷа яке аз қочоқбарон – Ғаффор валади Абдуғафури 45-сола – сокини вулусволии Имом Соҳиб безарар гардонида шуда, ҳаммаслаки ӯ бо номи Абдулло ба самти Афғонистон фирор намуд.”
Мақомоти тоҷик мегӯянд, зимни тафтиш аз ҷои ҳодиса як адад камони шикорӣ, 35 бастаи гашиш ва 3 баста героин дарёфт шуд. Манбаъ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.