Гузориши телефонии раисони навоҳии Хатлон ба Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 11-уми июн ҳисоботи телефонии раисони ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Ҷилликул, Ҷалолиддини Румӣ, Вахш ва Бохтарро шунидааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, раисони навоҳии Хатлон доир ба ҷараёни ҷамъоварии ғалладона, меваю сабзавот ва содироти онҳо, инчунин вазъи иҷрои буҷети ноҳияҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ гузориш додаанд.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон ба раисони ноҳияҳо дар мавриди тезонидани суръати ҷамъоварии ҳосил, кишти такрорӣ ва истифодаи оқилонаи замин супоришҳои мушаххас дода, ҳамчунин таъмиру таҷдиди роҳҳо, беҳтар намудани вазъи мактабу беморхона ва бунгоҳҳои саломатиро талаб намудааст.