Эшони Маҳмудҷон: "Фаъолият дар ширкатҳои пирамидавӣ ҷоиз нест"
Эшони Маҳмудҷон, руҳонии саршиноси тоҷик ва яке аз бародарон Тӯраҷонзодаҳо, фаъолият дар ширкатҳои пирамидавӣ ё худ аҳромиро аз нигоҳи дини мубини Ислом нораво хондааст. Ин руҳонии тоҷик дар посух ба суоли корбари Тураҷон.орг гуфтааст, “на танҳо фаъолият, балки савдои Шумо низ дар ин ширкатҳо аз назари ҷумҳури фуқаҳои имрӯз ҳаром ва ноҷоиз аст.”
Ба гуфтаи Эшони Маҳмудҷон, ҳатто дар бораи манъи фаъолият дар ин гуна ширкатҳо аз сӯи уламои исломӣ ва пайрави мазҳаби Ҳанафия фатвоҳои зиёде содир шудааст: “Дар бораи таҳрими фаьолияти ширкатҳои аҳромӣ аз ҷумла аз ҷониби уламои "Дорул- улуми Зоҳидон", ки ҳанафимазҳабанд, фатво содир шудааст.”
Аммо Тӯраҷонзода дар посух ба қисмати суоли корбар, ки гӯиё ӯро барои ҳамкорӣ ба як ширкати олмонӣ даъват мекунанд ва он ширкат барои мардону занон атриёт истеҳсол мекунаду фурӯшаш тариқи шабакаи интернет ба роҳ монда шудааст, афзудааст, “агар ширкати номбурдаи Шумо аз навъи ширкатҳои аҳромӣ набошад, пас, фаъолият дар он ишколе надорад.” Чун ба гуфтаи руҳонии тоҷик, шариати Ислом фурӯши атриёт ва косметикаро манъ накардааст.
Фатвои Тӯраҷонзода алайҳи фаъолияти ширкатҳои пирамидавӣ дар ҳолест, ки шумораи шикоятбарон аз болои ин корхонаҳо, аз ҷумла Q-Net-у “Ҳафт бурҷ” дар Тоҷикистон рӯзафзун гаштааст. Аксари нафароне, ки муддате дар ин гуна ширкатҳо фаъолият кардаанд, мегӯянд, ҷуз як фиребкорӣ чизи дигаре дар онҳо дида намешавад. Иддаое, ки масъулони ширкатҳо қабул надоранд ва ин ҳамаро хулосабарории нодурусти мизоҷони нокоми худ медонанд.