Таваррум дар Тоҷикистон 6 баробар зиёд шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, мизони таваррум давоми моҳи майи соли равон дар кишвар 0,6%-ро ташкил намудааст. Ин нишондод нисбати сатҳи таваррум дар моҳи майи соли гузашта 6 баробар зиёд аст. Моҳи майи соли гузашта БМ сатҳи таваррумро ҳамагӣ 0,1 дарсад арзёбӣ карда буд.
Тибқи иттилои ин ниҳод дар маҷмуъ сатҳи таваррум давоми 5 моҳи соли равон ба 4,4% расидааст. Дар ҳоле, ки тайи 12 моҳи соли 2013 сатҳи таваррум дар кишвар ҳамагӣ ба 3,7 фоиз баробар шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки қурби доллар низ дар кишвар майли гаронӣ дошта, айни ҳол арзиши як доллар то 5,12 сомонӣ расидааст.