Давлат Сафар: “Мансаб надорам. Шоире, ки вазифа гирифт, шоир нест”
Давлат Сафар, собиқ раҳбари “Тоҷиккино”, сарусадо дар бораи таъин шуданаш ба мақоми муовини вазири фарҳанги Тоҷикистонро рад карда, гуфт, ӯ ҳеч вақт ба мансаб ниёз надошту надорад. Оқои Сафар рӯзи 10 июн дар сӯҳбат бо “Озодагон” сарусадоҳои ахирро ҳангомае беш надонист.
“Ин гапҳо дурӯғ аст. Ҳоло дар хона нишаста, шеър эҷод мекунам. Аз соли 1997 то кунун достони “Зафарнома” менависам”,-афзуд ӯ.
Давлат Сафар дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ягон вазифа надорад ва танҳо садоқат ба Ватану модар барояш беҳтарин муқаддасот мебошад. “Бо ҳафтаномаҳо ҳамкорӣ дорам. Бекор нестам. Барои шоир вазифа даркор нест. Шоире, ки вазифа гирифт, шоир нест”,-таъкид дошт ӯ.
Давлат Сафар дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ аз мақоми раиси корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиккино” барканор шуда курсии худро ба Маҳмадкарим Соҳибов, директори собиқи киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” дод. Оқои Сафар ба ин вазифа ду соли пеш аз Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон омада буд, ки дар он ҷо ба ҳайси муовини аввали директор кор мекард.
Дар пайи таъин шудани Давлат Сафар ба раҳбарии корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиккино” тарҷума ва фурӯши чанде аз филмҳои туркӣ, аз ҷумла “Ҳомиён”, манъ гардид. Агарчӣ баъдан баъзе аз ин филмҳо дубора тарҷума ва ба фурӯш бароварда шуданд.