Эътироз дар назди сафорати Бритониё ва сафари Смит ба Хоруг
Як гуруҳ, ки аксарияташонро занон ташкил медиҳанд, баъд аз зуҳри 10 июн дар назди бинои сафорати Бритониё дар Душанбе даст ба эътироз задаанд.
Тавре шоҳидони ҳодиса ба “Озодагон” гуфтанд, эътирозгарон ба сӯи бинои сафорат сангпартоӣ намудаанд. Як манбаъ аз сафорат изҳор дошт, ки омилҳои даст ба эътироз задани гирдомадагон маълум нест, чун ба далоили амниятӣ кормандони сафоратро нагузоштанд, ба берун бароянд.
Манбаъ таъкид намуд, эътирозгаронро маъмурони амният пароканда намудаанд. Ин эътироз дар ҳолест, ки 10 июн Робин Орд-Смит, сафири Бритониё дар Тоҷикистон ба Бадахшон сафар намудааст. Сафир мегӯяд, ин сафараш танҳо ба хотири шиносоӣ бо вазъи минтақа мебошад.
Қаблан бархе аз коршиносон аврупоиҳоро дар он муттаҳам мекарданд, ки бо қумандонҳои маҳаллии Бадахшон мулоқот намуда, ба қавле ба оташи эътирозгарон равған мерезанд. Моҳе пеш намояндагони Иттиҳодияи Аврупо бо Муҳаммадбоқир Боқиров, қумандони маҳаллии Хоруғ мулоқот доштанд, ки боиси норозигии бархе аз мақомоти Тоҷикистон шуда буд.