Фирӯза Ҷумъаниёзоваро кӣ намонд: Узбакистон ё Тоҷикистон?
Бештари сокиноне, ки рӯзи 7 июни соли ҷорӣ ба тамошои консерти овозхон Далер Кутузов омада буданд, аз ҳузур надоштани Фирӯза Ҷумъаниёзова, овозхони шинохтаи узбакистонӣ, дар ин маҳфил норизоӣ карданд. Онҳо мегӯянд, таблиғи он ки дар консерти Далер Кутузов Фирӯза Ҷумъаниёзова ба ҳайси меҳмон иштирок мекунад, онҳоро ба толор оварда буд.
Ин консерти Далер Кутузов дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Пеш аз консерт дар бахшҳои таблиғотии телевизиону радио ва лавҳаҳо гуфта шуда буд, меҳмони шоу-консерт сарояндаи шинохтаи узбакистонӣ Фирӯза Ҷумъаниёзова аст.
Сайёра Акбархӯҷаева – мудири бахши фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки барандагии ин барномаи консертиро бар ӯҳда дошт, дар мавриди иштирок надоштани Ҷумъаниёзова ба “Озодагон” гуфт, “то ҷое огаҳӣ доштам, бо Фирӯза Ҷумъаниёзова мувофиқа шуда буд, ки ба ҳайси меҳмон дар консерт иштирок мекунад ва ҳатто барои ӯ ҷойу раводид (виза) низ фароҳам шуда буд. Аммо зимни барномаи консертӣ дар Қасри варзиш, Ҷумъаниёзова тариқи монитори электронӣ сухан карда, изҳор дошт, ки натавонист дар консерт иштирок кунад. Ӯ дар шарҳи ҳузур надоштанаш афзуд, ки гӯиё ҷониби Узбакистон барои убур аз гузаргоҳи гумрукӣ ба ӯ иҷоза надодааст. Ин эълон боиси норизогии тамошобинони консерт гашт.”
Дар робита ба ин, масъулони ҳукумати вилояти Суғд ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, “барои омадани Фирӯза Ҷумъаниёзова иҷоза дода нашудааст. Дар мактубе, ки дар Раёсати фарҳанги вилоят сабт гардидааст, танҳо барои баргузории шоу-консерти Далер Кутузов расман иҷозат дода шудааст”. Дар ҳоле ки ҳудуди як моҳ дар миқёси вилоят лавҳаҳои таблиғӣ овезон буданду аз тариқи радиову телевизионҳои маҳаллии шаҳри Хуҷанд роликҳои таблиғи Далер Кутузов ва меҳмони он Фирўза Ҷумъаниёзова намоиш ва гўшрас карда мешуд, аммо мақомот доир ба ин масъала мардумро огаҳ насохтанд.
Далер Кутузов – овозхони тоҷик бо Фирӯза Ҷумъаниёзова - сарояндаи шинохтаи узбакистонӣ дуэтеро бо номи “Хушрӯча” иҷро кардаанд ва он мавриди истиқболи аксари сокинони вилят гардидааст.