Генерал Раҳмоналӣ: Дар 5 моҳ 29 амалиёти махсус гузарондем
Генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, имрӯз, 10-уми июн зимни мулоқот бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил афзоиши қочоқи мухаддиротро аз Афғонистон мояи нигаронӣ хондааст.
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ генерал Раҳмоналӣ зимни ҳамоиши сарони нерӯҳои марзбонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Сочӣ изҳор доштааст, ки марзбонони тоҷик давоми 5 моҳи охир 29 амалиёти махсус гузаронда 760 кило маводи мухаддирро мусодира намудаанд.
Зимни ин мулоқот қарор шудаст, ки марзҳои берунии ИДМ, аз ҷумла дар пасманзари беруншавии нерӯҳои НАТО аз Афғонистон мустаҳкамтар шаванд. Феълан ҳамоиши сарони нерӯҳои марзбонӣ дар Сочӣ идома дорад.