Азми мақомот барои ҷалби сайёҳон ба Бадахшон
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бо пиёда намудани иқдоми махсус ният дорад, хориҷиёнро ба кишвар, аз ҷумла ба вилояти Бадахшон бештар ҷалб намояд.
Тибқи иттилои Кумита ба мақсади ҷалби бештари хориҷиён аз 2 то 9-уми июн як гурӯҳ коршиносони соҳаи сайёҳии Аврупо аз навоҳии баландкӯҳи Бадахшон, аз роҳҳои душворгузар ва шоҳроҳи бузурги Абрешим дидан кардаанд: “Ҳадафи ҷалби коршиносони байналмилалӣ вусъати ҳамкориҳои байналмилалӣ дар бахши туризм, ҷалби сайёҳони хориҷӣ, рушди туризми куҳӣ ва алпинизм мебошад.”
Манбаъ афзуд, ки коршиносони аврупоӣ дар мулоқот бо Руслан Шодиков, муовини раиси Кумитаи ҷавонон таассуроташонро мусбат арзёбӣ карда, сайёҳиро дар Тоҷикистон ояндадор хондаанд. Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, баъди ҳаводиси охири Хоруғ сафари хориҷиён ба Бадахшон коҳиш ёфтааст.