АКС: Оғози мулоқоти махсуси Эмомалӣ Раҳмон бо Андрис Берзинш
Дар пайи истиқболи расмӣ аз Андрис Берзинш, раисиҷумҳури Латвия дар Қасри Миллат мулоқоти хосаи ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон оғоз ёфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ҷонибҳо азм доранд, ки Тоҷикистон дарвозаи Латвия ба Осиёи Ҷанубӣ ва Латвия дарвозаи Тоҷикистон ба Аврупо гардад.
Бино ба иттилои манбаъ, миёни Тоҷикистону Латвия фазои хуби сиёсӣ ва заминаи мусоиди қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ мавҷуд аст: “Зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Латвия, ки моҳи феврали соли 2009 ҷараён гирифта буд, 4 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, оид ба алоқаи ҳавоӣ ва машваратҳои сиёсии миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, ба имзо расида буд.”