Муроҷиати видеоии Мастер Исмайл: “Тоҷикситезию теғзанӣ ва кидат бас!”
Мастер Исмайл, репсарои маъруфи тоҷик, бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ аз ҷавонони тоҷик хостааст, “ба тоҷикситезӣ, тоҷиктеғзанӣ ва тоҷиккидаткунӣ дар дохилу хориҷи кишвар” хотима диҳанду муттаҳид бошанд.
Мастер Исмайл дар навори даҳдақиқаӣ, ки дар як муддати кӯтоҳ тарафдорони зиёд пайдо намудааст, аз он интиқод мекунад, ки ҷавонон дар Русия аз тоҷик муаррифӣ кардани худ шарм медоранд ва дар бештари ҳолатҳо худро зодаи Қафқоз мегӯянд. Исмайл аз ҷавонон даъват кардааст, ин корро канор гузоранду ба боло бурдани обрӯи тоҷикон дар хориҷи кишвар пардозанд.
Вай бо зикри ҷанги бародаркушӣ гуфтааст, “мефаҳмам, ки ҷанги бародаркушӣ моро аз ҳамдигар ҷудо кард, аксарияти оилаҳо фарзандону кӯдакон ва ё ҳамсарони худро аз даст доданд, Худо раҳматашон кунад. Бисёриҳоро ҳамин дард дар дилашон мондааст, барои ҳамин маҳалгароӣ бисёр асту ҳамдигарро нағз намебинанд. Дар Русия маҳалгароии тоҷикон аз ин бадтар аст.” Ӯ дар идома таъкид мекунад, вақти он расидааст, ки тоҷикон муттаҳид бошанд.
Дар муроҷиат ба мактаббачагон Мастер Исмайл илова кардааст, теғкаширо ба рӯи бародари худ хотима диҳанд: “Агар надонед, ки нерӯро куҷо сарф кунед, равед ба варзиш машғул шавед ва ба ҳамин васила номи Ватанро боло баред. Бо теғкашӣ ҳаёти худу ҳаёти ҷавони дигару волидонатонро месӯзонед.”
Дар охири муроҷиаташ Мастер Исмайл таъкид мекунад, калиди ҳалли ҳамаи мушкилоти тоҷикон дар Русия ин муттаҳидӣ мебошад, чун ба гуфтаи ӯ танҳо дар ин ҳолат тоҷиккушӣ, тоҷиккидаткунӣ ва тоҷикситезӣ анҷом меёбад.