Дучархарони тоҷик китобашро дар Русия муаррифӣ мекунад
Алишер Хушвахтов, ҷавони тоҷик, ки бо дучарха 15 кишварро сайёҳат кардааст, китоби худро дар Русия муаррифӣ мекунад.
Расми муаррифии китоби “Моро пешвоз нагирифтанд, аммо гусел карданд” 17 июн дар китобхонаи ба номи А.С. Пушкини шаҳри Томск баргузор мешавад.
Алишер дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар китоб ёддоштҳои ӯ ва Сайдалӣ Азизов, як муаллими дигар аз Тоҷикистон қисса мешавад. Алишер Хушвахтов ва Сайдалӣ Азизов бо дучарха 15 кишвар бо шумули Қирғизистон, Қазоқистон, Удмуртия, Тотористон, Чувашия, Русия, Белорусия, Украина, Чеченистон, Доғистон, Озарбойҷон, Эрон, Туркманистон ва Узбакистонро давр заданд.
Сайёҳати Алишер Хушвахтов, омӯзгори Донишгози техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ва Сайид Азизов, муаллими забони немисии мактаби миёнаи №28-и шаҳри Душанбе бо дучарха 20 апрели соли 2010 аз пойтахти Тоҷикистон шурӯъ гардида, моҳи августи ҳамон сол поён ёфт.