Боз Ютуб (YouTube) дар Тоҷикистон дастнорас шуд
Баъзе аз ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон дастрасӣ ба видеопортали Ютуб (YouTube)-ро маҳдуд кардаанд. Ин маҳдудият баъд аз зуҳри 9 июн эҷод шуда, то кунун идома дорад.
Дар ин бора ба “Озодагон” корбарони Интернет хабар дода, афзуданд, феълан YouTube тариқи ширкати Бабилон (Babilon), Билайн, Сатурн ва чандеи дигар дастнорас мебошад. Ба гуфтаи корбарон, тариқи барномаҳои филтшикан вуруд ба шабакаи Ютуб имконпазир аст.
Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи интернет, низ дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз корбарон дар бораи маҳдуд шудани дастрасӣ ба Ютуб шикоятҳоро дарёфт кардаанд ва давоми рӯз асли қазияро рӯшан мекунанд. “Баъдан ба расонаҳо дар ин бора хабар хоҳем дод”,-афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта низ дастрасӣ ба видеопортали Ютуб (YouTube) баъди нашри наворе аз лаҳзаҳои тӯйи Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин шабака маҳдуд шуда буд. Баробари ин феълан дастрасӣ ба сомонаи "Озодагон", махсусан шакл ё варианти мобилии он, аз ҷониби Тоҷиктелеком, Телеком Технолоҷӣ ва чандеи дигар аз ширкатҳо маҳдуд мебошад.