Башшор Асад баъд аз пирӯзиаш дар интихобот авфи умум эълон кард
Башшор Асад баъд аз пирӯзӣ ба рақибони худ дар интихоботи 3 июни раёсати ҷумҳури Сурия авфи умум эълон кардааст. Дар ин бора шабакаҳои телевизионии давлатии Сурия хабар дода, мегӯянд, Асад зери ин фармон рӯзи 9 инюни соли ҷорӣ имзо гузоштааст.
Ба иттилои манбаъ, бар асоси фармони мазкури Башшор Асад ҳар нафаре, ки то 9 июни соли 2014 гуноҳеро муртакиб шудааст, бахшида мешавад. Тавре ҳуқуқшиносон иттилоъ медиҳанд, дар маҳбасҳои Сурия ҳоло наздикии 18 ҳазор нафар ба сар бурда, ахиран фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар озодии садҳо нафари онҳоро талаб карда буданд.
Башшор Асад, ки аз соли 2007 ба ин сӯ, зимоми қудратро дар Сурия дар даст дорад, дар интихоботи президентии 3 июни соли ҷорӣ бо соҳибии 88,7 дар сади оро ба рақибонаш дастболо шуд. Рақибони ӯ --Ҳасан Абдул Иллоҳӣ ан-Нурӣ (профессори донишгоҳи Димишқ) ва Моҳир Абдул Ҳафиз Ҳаҷир (вакили парлумон) мутаносибан 4,3% ва 3,2% овоз гирифтаанд.
Ҳарчанд мухолифини Сурия ин интихоботро қабул надоранду онро як мазҳакае бо номи демократия медонанд, аммо ҳукумати Башшор Асад бар ин аст, ки дар таърихи навини кишварашон барои бори нахуст чунин интихобот бо иштироки се номзад баргузор шудааст. Моҳи марти соли ҷорӣ ба қонуни интихоботи Сурия тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки дар интихоботи президентӣ иштироки чанд номзадро иҷоза медиҳад. То кунун раиси ҷумҳури Сурия аз сӯи ҳизби ҳоким пешниҳод шуда, парлумон ӯро тасдиқ мекард. Сипас, раъйпурсӣ ба ҷонибдорӣ аз ин номзад гузаронида мешуд.
Башшор Асад дар пайи чунин як раъйпурсие 27 майи соли 2007 бо ба даст овардани 97,62 дарсади оро ба курсии раҳбарии Сурия нишаст. Эълони авфи умум аз сӯи Башшор Асад дар ҳолест, ки аз соли 2011 ба ин сӯ ҷанги дохилиии Сурия миёни мухолифин ва тарафдорони ҳукумати Башшор Асад идома дорад. Ба иттилои манобеи хабарӣ, шумораи қурбониёни нооромиҳои Сурия ба беш аз 160 ҳазор нафар расидааст.