2 парванда барои пешниҳоди пора ба пулис дар Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, алайҳи ду шаҳрванд, ки қасди додани пора ба маъмурини пулис кардаанд, парвандаҳои ҷиноӣ оғоз шудааст.
Ин ниҳод аз ҷумла як зани 50-соларо аз ноҳияи Панҷ дар қасди додани пора ба корманди пулис муттаҳам мекунад: “Ин зан аввал ҳамчун ҷабрдида ба пулис муроҷиат карда, арз доштааст, ки аз ҷониби Худайқулов Абдуқаҳҳор-и 60-сола латукӯб шудааст. Аммо баъдан аз Худайқулов 3 000 доллар гирифта, ба сифати миёнарав талош намудааст, ба маъмури пулис пора диҳаду парванда алайҳи Худайқулов қатъ гардад.”
Ин зан ҳамчунин дар қаллобӣ муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи ВУД ин зан аз 3000 доллари гирифта, 1000 долларро азхуд намуда, танҳо 2 ҳазор долларро ба корманди пулис пора доданӣ шудааст: “Аммо зимни пешниҳоди пора дар шуъбаи умури дохилии Панҷ боздошт гардидааст.”
ВУД меафзояд, ки инчунин барои пешниҳоди пора ба корманди пулис алайҳи сокини 30-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст: “Ӯ ба нозири минтақавӣ 150 сомонӣ пешниҳод карда, хостааст баҳсаш бо шаҳрванди дигар ба манфиати ӯ ҳал шавад.”
ВУД мегӯяд, феълан парвандаҳои ҷиноӣ аз рӯи ин ду ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.