Лоиҳаи Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) оид ба савдои озод ва ислоҳоти гумрукӣ 13-ширкатро аз Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон барои беҳтарсозии содироти молу коло ба Афғонистон гирди ҳам овардааст.
Барномаи «Ҳамкории Содиротӣ» тайи се моҳ тахминан 60 нафар муттахасисонро оид ба тиҷорати байналмилалӣ ва таъминоти молӣ-техникӣ(логистикӣ) омӯзиш дода, онҳо дар амалия маводу дониши комил ба даст оварданд. Иштирокчиёни барнома, заминаи ташаббуси ҳамкории содиротиро ташкил медиханд, ки нияти фиристодани моли бештар аз Осиёи Марказӣ ба Афғонистонро пайгирӣ мекунанд. Онхо дар ҷустуҷӯи пайдо намудани ширкатхои нав дар минтақаанд, то ин ки онҳо низ тавонанд, ба рушди ин шарики саҳмгузор бошанд.
Интизор меравад, ҳамойиши навбатии ширкатдорони лоиҳаи мазкур рӯзи 16-уми май дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» баргузор гардад. Дар ифтитоҳи барнома, сенздаҳ ширкати ҳузурдошта бо вазъи бозори Афғонистон шинос карда шуда, афзалияту дурнамои онро муайян намуданд ва нақшаи ворид шуданро таҳия карданд. Дар хотима ширкатдорон ёддошти тафоҳум ва ҳамкорие, ки саҳми онҳоро ба ин шарикӣ муқаррар мекунад, имзо менамоянд. Онхо инчунин накшаи чорабинихо, ки пурзӯрнамоии амалхои содиротии онхоро ба Афғонистон пешбинӣ мекунад, таҳия хоҳанд кард.{jathumbnail off}