Эшон - саййидзода, ишон - онҳо?
Дергоҳест, ки сари навишти дурусти ин калима, ки ба ду маъно истифода мешавад, баҳсҳо ва эродҳое сурат мегирад.
Ба таври маълум ба як маъно ин калима унвони эҳтиромӣ нисбат ба афроди рӯҳониест, ки насаби онҳоро ба Паёмбар (с) мерасонанд. Ба ин маъно ҳамзабонони мо ва гоҳо дар муҳити мо низ ашхос аз калимаи «саййид» (ғайри «саъид») истифода мекунанд. Донишманди мӯҳтарам Ҷумъабой Азизқулов дар як суҳбати худ сари ин калима гуфта буд, ки замоне забондонон дар Энсиклопедияи тоҷик ба ин натиҷа расида буданд, ки асли калима ҳамон «ишон» аст ва чун дар миёни мардум «эшон» дар мавриди рӯҳониёни саййид шуҳрати ом ёфта ва ҳамчунин ба хотири тафовути он аз «ишон» ба маънои ишораҷонишини шахси савуми ҷамъ ва танҳои муҳтарам (замири шахси савум) беҳтар аст онро дар мавриди рӯҳониён ба ҳамин сурат (яъне «эшон») ва дар мавриди ишораҷонишини шахси савум ба сурати «ишон» ба кор бубарем, ки ба назарам ин гузиниши хубест ва пас аз он суҳбат банда ба ҳамин асл пайравӣ кардам.
Вале бояд ёдоварӣ кард, ки дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (ҳарду нашр) ин калима ба ҳамаи маъноҳо ба ҳамон сурати «эшон» омадааст. Пас, решаи ин калима аз куҷост ва ҳоло бигӯем, ки «эшон» ба «ишон» чӣ муносибате дорад? Ва оё дуруст аст, ки шакли «ишон»-ро аксаран натиҷаи таъсирпазирии нораво аз талаффузи ҳамзабонони бурунмарзӣ мешуморанд? Дар ҳоле ки дар бисёре аз маҳалҳои Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ дар мавриди шахси савум ин калимаро ба сурати «ишон», «ишун» ва гоҳо ҳам ба сурати мухаффаф «шон» истифода мекунанд, ки дар шакли савум аксаран бо танз ҳамроҳ аст.
Маълум аст, ки пасванди «-шон» барои нисбати маъноҳо ба шахси савуми ҷамъ ва танҳои муҳтарам истифода мешавад: хонаашон; китобашон; устодашон, ки ин ҷо «а»-и қабл аз «шон» изофаи фонетикӣ аст, он гуна ки дар калимаҳои «пирамард», «пиразан». Ба ин қиёс метавон дарёфт, ки ин калима аз ду ҷузъ иборат аст И+ШОН. Ҷузъи аввал - «и» дар асл мухаффафи замири «ин» аст, яъне «иншон» - «инҳо», ки ба хотири эҳтиром мисли «ҳазрат», ки аз «ҳузур» таркиб ёфта дар ғиёби нафари муҳтарам гуфта мешавад, «ин» ба ҷои «ӯ» (ғойиб) омадааст ва ҳам дар ғойибу ҳам дар ҳозир истифода мешавад.
Барои ҳақиқати ин нуктаро дарёфтан калимаи дигаре аз ҳамин таркиб ба мо ёрӣ мерасонад. Ин калимаи «ӯшон» аст, ки дар мутуни қадим ба маънои замири ҷамъи шахси савум (ҳаммаънои «ишон») зиёд ба кор рафта ва маънои ҷамъи «ӯ»-ро дорад, яъне «ӯ»-ҳо. Мо «ӯ»-ҳо намегӯем вале «онҳо» мегӯем ва маълум аст, ки «ӯ» ва «он» ҳаммаъноянд. Пас, ба яқин «ишон» мухаффафи (осоншудаи) «иншон» (инҳошон) аст ва чун «ин»-ро «эн» намегӯем, саҳеҳаш ҳамон «ишон» аст ва ин нишони таъсири талаффузи ҳамзабонон ҳам нест.
Гуфтанист, ки дар матнҳои қадим шакли «ишонон» (ҷамъи дубора) ҳам омада, ки ривоҷ надорад.
Хулоса, беҳтар ҳамон аст, ки чунон ки маъмул шудааст, шакли «эшон»-ро ба маънои исми хос (Эшон) ва унвони насабӣ (саййид) ва шакли «ишонро» ба унвони замири шахси сеюми ҷамъ ва танҳои муҳтарам ба кор бибарем.
Рустами ВАҲҲОБ
(Аз саҳифаи “Дуруст бинависем”)