«Шоирен базм» дар «Шоми Бадахшон»-и пойтахт (АКС)
Маҳфили шеъри шоирони Бадахшон бо ибтикори созмони “Равшандилон” шаби 8 июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Шералӣ Абдулқайсов, ҳунарманди маъруфи Тоҷикистон, базмро оғоз бахшида, овозхони мардумӣ - Абдухолиқро рӯи саҳна хонд. Дар ин маҳфил ҳунармандону шоироне ба монанди Варқа Охонниёзов, Далер Назар, Сардор Раҳдор, Раънои Мубориз ва Ато Мирхоҷа суханронию шеърхонӣ карданд.
Назархудо Дастамбуев, яке аз мубтакирони ин чорабинӣ, аснои сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ҳадафи ин базм сарҷамъ кардани аҳли илму адаб ва баррасии ҳусну қубҳи шеър, инчунин, огаҳӣ пайдо кардан аз навгониҳои олами шеър аст”. Ба қавли номбурда, феълан таҳқиқоти илмии фарогир дар мавриди ашъори он қаламбадастоне, ки бо забонҳои помирӣ ва лаҳҷаҳои ин минтақа эҷод мекунанд, вуҷуд надорад.
“Бархе аз донишмандону забоншиносон дар ин росто пажӯҳиш доштанд, аммо ин ҳанӯз кам аст. “Шоирен базм” қадами устуворро дар ин роҳ гузоштанист ва дар ин ҷода ҳимояти маънавии ҳамватанонро интизор аст”,-афзуд Дастамбуев..