14 600 сомонӣ ҷарима барои тақаллубкорӣ ҳангоми нафақагирӣ
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Назарбибӣ Шереалиева -- сокини Душанберо, ки барои гирифтани нафақаи имтиёзнок даст ба тақаллубкорӣ задааст, 14 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима бастааст.
Бар асоси иттилои додгоҳ, Шералиева набераашро ҳамчун фарзанди худ сабт карда, чун модари 5 фарзанд барои гирифтани нафақаи имтиёзнок ба мақомот ҳуҷҷат супоридааст. Манбаъ мегӯяд, тариқи тақаллубкориҳо ин зан аз соли 2010 то 2013 нафақаи имтиёзнок гирифта, ба давлат дар ҳаҷми қариб 7 ҳазор сомонӣ зиён расондааст.
Додгоҳи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, дар пайи ифшои тақаллубкорӣ ин зан зарари расондаро ба давлат ҷуброн намуда, дар ҳаҷми 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ баробари чаҳордаҳ ҳазору шашсад сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст.