Ҷавлон тасдиқ кард, ки Усмоналӣ Шаҳболро латту кӯб намудааст (АКС)
Ҷавлон, сарбози қисми низомии 2620-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар додгоҳ латту кӯб шудани Шаҳбол Мирзоев аз сӯи Усмоналӣ Ғайратовро тасдиқ кард. Ӯ ба ҳайси ҳамхидмати Шаҳбол ва шоҳиди асосии латту кӯбаш баъд аз зӯҳри 9 июн дар додгоҳи низомии гарнизони Душанбе баромад кард.
Ба қавли Ҷавлон, Шаҳбол Мирзоев шоми 6 марти соли ҷорӣ аз тарафи Усмоналӣ Ғайратов дар нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 мавриди латту кӯб қарор гирифтааст. Ин сарбоз дар додгоҳ гуфт, Ғайратов дар утоқи тиббии қисми низомӣ менишаст ва вақте аз панҷара Шаҳболро мебинад, ӯро ба дохил даъват мекунад. Ба нақли Ҷавлон Ёриев “вақте Шаҳбол вориди утоқ шуд, Усмоналӣ ба ӯ гуфт, то ҳарду рӯйи худро дам кунад ва ҳамон замон як шаппотӣ зад.” Аз рӯи нақли Ҷавлон, Усмоналӣ баъд аз ин ба Шаҳбол пешниҳод мекунад, то бо ҳам гуштӣ бигиранд ва ҳарчанд Шаҳбол рад мекунад, Усмоналӣ ӯро ба замин ғалтонда ба шикамаш бо лагад мезанад.
Мурофиаи навбатии парвандаи латту кӯб шудани Шаҳбол Мирзоев 11 июни соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт. Аммо дар нимаи аввали мурофиаи 9 июн Фаррухи Сафаралӣ, фелдшери нуқтаи тиббии қисми низомии 2620, гуфт, шоҳиди латту кӯби Шаҳбол ва ё гуштигирии ӯву Усмоналӣ набудааст. Фаррух афзуд, он шом машғули зарфшӯӣ буд ва вақте ба қисми тиббӣ омад, дид, ки Шаҳбол хобидааст.
“Аз ин рӯ, надидам, ки онҳо чӣ кор карданд. Фақат ҳангоми зарфшӯӣ шунидам, ки бачаҳо каме бо садои балдтар гап мезаданд”,-илова кард сарбоз. Фаррухи Сафаралӣ, ҳамхидмати Шаҳбол, дар додгоҳ гуфт, шоми 6 март Шаҳбол гӯиё барои дармони дарди дандонаш ба қисми тиббӣ омада будааст. Ба нақли ӯ, аслан он шаб Гулрафтор Ширинова дар қисми тиббӣ навбатдор буда, вале бидуни он ки ба касе чизе гӯяд, ба ҷои худ Усмоналиро гузошта, берун рафтааст ва танҳо субҳи дигар баргаштааст.
Фаррухи Сафаралӣ гуфт, субҳ Усмоналӣ Ғайратов ба ӯ гуфтааст, то дасти Шаҳболро масҳ кунад, ки дард дорад. “Вақте ба назди Шаҳбол рафтам, ӯ беист гиря мекард ва мегуфт, дасту гарданаш дард мекунад”,-нақл кард Фаррухи Сафаралӣ дар додгоҳ. Субҳи 9 июн ҳам барои назорати ҷараёни ин мурофиаи додгоҳӣ теъдоди зиёди одамон омада буданд, вале ба далели маризӣ Шаҳболу падараш натавонистанд ба мурофиаи биёянд. Онҳоро дар додгоҳ Бунёд Ёрматов, яке аз наздиконашон ва, инчунин, вакили мудофеъ Абдурҳамон Шарифов намояндагӣ доранд.
Парвандаи латту кӯби Шаҳбол Мирзоев ҳанӯз моҳи марти соли ҷорӣ бар асоси моддаи 373, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ боз шуда буд. Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Шаҳбол, мегӯяд, Усмоналӣ Ғайратов барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ ва нақзи оинномаи рафтори сарбозон муттаҳам мешавад ва ҳамроҳи ӯ Гулрафтор Ширинова, фелдшери нуқтаи тиббии қисми низомии нерӯҳои марзбонӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, низ дар курсии айбдорӣ нишастааст. Ширинова барои хунукназарӣ ҳангоми иҷро кор муттаҳам мешавад.
Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Масъулини Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе, ки ин қазияро тафтиш доранд, гуфта буданд: “Гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст. Алайҳи Ғайратов тибқи моддаи 373-юми Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои ойинномавии муносибат байни хидматчиёни низомие, ки тобеъи ҳамдигар нестанд) парванда боз шудааст.”
Вале Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия қасдан латту кӯб шудани сарбоз Шаҳбол Мирзоевро такзиб ва айбдор будани масъулини саррраёсатро дар ин қазия рад кард. Дар иттилоияи ин ниҳод омада буд, “пеш аз ҳодисаи осебгирии Мирзоев Шаҳбол дар вақти гӯштигирӣ Ғайратов ягон маротиба мавриди лату кӯб қарор надошт. Ҳолати бо теғ (лезва) буридани пойҳои Мирзоев Ш. Н. ҳам ба ҳақиқат наздикӣ надорад, танҳо баъди гирифтани осеб аз ҷониби табибон барои муайян кардани ҳискунии пойҳои ў бо сўзан пай монда шудааст.”