ВКД: Се рӯз ҳаракати мошинҳо дар Душанбе маҳдуд мешавад
Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон мегӯянд, дар ҷараёни сафари расмии Андрис Берзинш – раиси ҷумҳури Латвия, ки рӯзҳои 9-11 июн дар назар аст, ҳаракати мошинҳо дар Душанбе маҳдуд хоҳад шуд.
Бар асоси иттилои ин ниҳод, рӯзи 9 июн аз соати 19:30-дақиқа то 21:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ-Айнӣ-Дониш то фурудгоҳ дар ҳолатҳои зарурӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад. Манбаъ мегӯяд, 10 июн аз соати 09:00 то 16:00 ҳаракати мошинҳо дар хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Карамов то Майдони 800-солагии Маскав, кӯчаи Шероз аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то кӯчаи Ҷалол Икромӣ, кӯчаи Бухоро аз кӯчаи Мирзо Турсунзода то кӯчаи Шероз муваққатан маҳдуд карда хоҳад шуд.
Инчунин, рӯзи 11 июн аз соати 08:30 то 11:00 ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Карамов то фурудгоҳ, хиёбони Исмоили Сомонӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино, кӯчаи Дӯстии Халқҳо аз кӯчаи Нисор Муҳаммад то хиёбони Айнӣ дар ҳолатҳои зарурӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад. Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ меафзоянд, тайи ин рӯзҳо ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд аз кӯчаҳои Шотемур, Бухоро ва Мастонгулов истифода намоянд.