Номаи шодбошӣ ё дилҷӯии мақомҳои баландпояи Қатар аз Сисӣ
Шайх Тамим ибн Ҳамад, амири Қатар бо ирсоли номае Абдулфаттоҳ Сисиро барои интихоб шуданаш ба ҳайси раиси ҷумҳурии Миср табрик гуфтааст.
Дар ин бора Оҷонси иттилоотии “Қатар” хабар дода, гуфтааст, Абдуллоҳ ибн Носир ибн Халифа Оли Сонӣ, нахуствазир ва вазири умури дохилии ин кишвар низ номаи табрикотие ба унвонии Сисӣ фиристодааст.
Ирсоли номаҳои шодбошии масъулини баландпояи Қатар ба унвони Абдулфаттоҳ Сисӣ дар ҳолест, ки баъд аз кудетои низомӣ дар Миср ва барканорию боздошти Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури ин кишвар равобити Қоҳира ва Давҳа ба сардӣ гароида буд. Мақомоти Қоҳира Қатарро дар он муттаҳам намуда буданд, ки гӯиё яке аз сармоягузорони Ҳаракати исломии “Бародарони мусулмон” ё худ Ихвонулмуслимин мебошад, ки баъд аз кудетои низомӣ бо раҳбарии Абдулфаттоҳ Сисӣ дар Миср фаъолияташ мамнуъ эълон шуд.
Сисӣ асосогузори кудетои низомии моҳи июни соли 2013-и Миср мебошад, ки мунҷар ба барканории Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури “ғайринизомӣ”-и ин кишвар шуд. Вай дар интихоботи ғайринавбатии 26 майи раёсати ҷумҳури кишвараш иштирок карда, ба ягона рақиби худ Ҳамдейн Сабоҳӣ, муассиси Ҳаракати мардумӣ даст боло шуд. Ба иттилои, Кумитаи марказии интихоботи Миср, Сисӣ дар ин корзор тавонистааст, 96,91 дар сади орои мардумро ба даст орад. Дар ҳоле, ки ба иттилои манба, Сабоҳӣ танҳо 3,9%-и овозҳоро соҳиб шудааст. Ӯ рӯзи якшанбе 8 июни соли ҷорӣ расман ба курсии раёсати миср барои Чаҳор соли оянда нишаст.