Рӯйхати муҳоҷирони фавтидаи тоҷик ва пешниҳод барои гузоштани муҷассама
Ҷунбиши умумирусиягиии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” рӯйхати муҳоҷирони фавтидаро нашр кардааст, ки танҳо дар сардхонаи ҳавзаи марказии Русия, аз моҳи январи соли 2013 то моҳи марти соли 2014 сабт шудаанд.
Ин омор беш аз 500 нафарро фаро гирифта, аксари онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ин рӯйхат, ки аз ҷониби масъулини сардхона ироа шудааст, дар қатори омилҳои марги муҳоҷирон аз ҷумла заҳролудшавӣ,нохушӣ, садамаҳои нақлиётӣ ва бемории асабу дил оварда шудааст: “Аммо сабаби марги аксари муҳоҷирони ин рӯйхат, ки ҷавонанд, номаълум сабт гардидааст.”
Ҳаракати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо зикри номи фавтидагон, ки барои беҳбуди ҳаёти наздиконашон дар Ватан роҳи ғарибиро пеш гирифтаанд, бори дигар зарур хондааст, ки ба хотири гиромидошти муҳоҷирон дар Ватан барояшон муҷассама гузошта шавад.