Ултиматум дар ҷои кор: Ё ҳиҷобро бигир, ё аз кор рав!
Ҳумайрои БАХТИЁР
Бибинисои Бадриддин, ки нуздаҳ сол дорад, тобистони 2013 барои идомаи таҳсил дар донишгоҳ муваффақ нашуда буд. Ба қавли Бибинисо, аъзои кумисюни қабули Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санадҳои ӯро танҳо ба далели он ки ҳиҷоб доштааст, қабул накардаанд.
“Санадҳоямро ба дастам дода, гуфтанд, ки ҳиҷоб имкони идомаи таҳсилро бароям намедиҳад”,-нақл кард мусоҳиби мо. Бибинисо мегӯяд, ҳанӯз дар вақти мактабхониаш ӯро барои доштани ҳиҷоб хориҷ карда буданд, аммо баъд аз шикояти падару модараш дубора барқарор шуда буд. Ӯ имсол ҳам қасди шомил шудан ба донишгоҳро дорад.
Агарчӣ Тоҷикистон кишвари мусалмонист, аммо мақомот пӯшидани ҳиҷобу рӯсарӣ ва дигар навъҳои пӯшиши исломиро дар ҷойҳои кории давлатӣ ва донишгоҳу мактабҳои миёна манъ кардаанд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам соли 2005 бо судури фармоне ҳузури духтарони ҳиҷобдор дар синфхонаҳоро мамнуъ карда, дар иваз либоси ягонаро пешниҳод карда буд.
Маҳмудхон Шоев, як масъули Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, мегӯяд, дар бахши маориф маҳдудият натанҳо барои ҳиҷоб, балки барои доманҳои кӯтоҳ ва либосҳои ҷилодор низ ҷорӣ шудааст. “Духтарон ҳиҷоби худро метавонанд берун аз муассисаи таълимӣ бипӯшанд. Маҳдудият танҳо барои пӯшидани он дар дохили синфхонаҳост. Дар берун озоданд”,-афзуд ӯ.
Мақомоти расмӣ иддао доранд, ки ҳиҷоб хоси фарҳанги тоҷикон набуда, аз берун омадааст. Маърифат Шокирова, масъули Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, мегӯяд, “занони тоҷик бояд анъанаҳои миллии худро нигоҳ дошта, аз фарҳанги бегона худдорӣ кунанд.” Дар Тоҷикистон танҳо ҷое, ки барои ҳиҷоб маҳдудият ҷорӣ нашудааст, ин Донишгоҳ ва мадрасаи исломист. Ин дар ҳолест, ки теъдоди мактабҳои динӣ назар ба мактабҳои дунявӣ кам аст. Бино ба иттилои расмӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон 6 мактаби динӣ ва 4 ҳазор мактаби дунявӣ фаъолият доштааст.
Ҳукумат дар ин маврид бештар аз таъсири гурӯҳҳое ба монанди “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Ҷамоати Таблиғ” ва Ҳаракати исломии Узбакистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Аммо ба андешаи таҳлилгарон, аз ҷумла Парвиз Муллоҷонов, ҳукумат миёни шахсони мазҳабӣ ва гурӯҳҳои экстремистӣ бояд фарқ гузорад. Муллоҷонов муътақид аст, занони ҳиҷобдор дар маориф ва дигар корхонаҳои давлатӣ барои амният ҳеч хатаре надоранд.
Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари бунёди “Перспектива Плюс” ҳушдор аз он медиҳад, ки маҳдудиятҳои ҷорӣ метавонад боиси бар зидди давлат бархостани мардум гардад: “Монеасозӣ ва маҳдудият занонро водор мекунад, то дар талоши пайдо кардани роҳҳои дигари таҳсил бошанд. Ин амали ҳукумат боиси ҷудоихоҳии бештари ҷомеа мегардад.”
Дар баробари маҳдудияти идомаи таҳсил, занони ҳиҷобдор ҳамчунин барои пайдо кардани ҷойи кори давлатӣ низ монеа эҳсос мекунанд. Чунки дар аксар идораҳои давлатӣ корфармоён бастани ҳиҷобро барои занони коргар мамнӯъ эълон кардаанд. Як хонуми 28-сола, ки нахост номаш муаррифӣ шавад, гуфт, аз сабаби доштани ҳиҷоб эҳтимол ҷои корашро аз даст бидиҳад. “Ҳоло барои ман ултиматум гузоштанд, ки ё ҳиҷобро бигирам ва ё маро аз кор пеш мекунанд. Ман намедонам чӣ кор кунам, пайдо кардани ҷойи кор ҳам чандон осон нест”,-афзуд ӯ.