Гумонбар дар фоҳишагӣ 2 корманди пулисро маҷруҳ кардааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҷавонзани 22-солаи тоҷик, ки ба иттиҳоми фоҳишагӣ дастгир шудааст, ду корманди пулисро дар Душанбе маҷруҳ намудааст.
Ба иттилои манбаъ ин ҷавонзан зимни амалиёти махсус дар назди нуқтаи савдои “Окошко”-и Душанбе боздошт шуда буд: “Дар шӯъбаи корҳои дохилӣ боздоштшуда нисбати кормандони милитсия дашномҳои қабеҳ гуфта, ба онҳо дармеафтад. Аз гиребони яке аз кормандон дошта, бо нохунҳояш аз қисмати бинӣ ва чашми рост ва корманди дуюмро аз қисмати дасту баданаш харошида, хуншор намуда, бо мушту лагад ба бадани онҳо задаст, ки дар натиҷа кормандони милитсия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд”. Манбаъ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса низ нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Баробари ин ВУД аз боздошти зани 39-солаи дигар хабар медиҳад, ки ба ивази маблағ барои алоқаи маҳрамонаи шаҳрвандон хона ба иҷора медодааст.
Чунин амалиёт алайҳи фоҳишагӣ 3 рӯз қабл, баъди ҷаласаи фаврии Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон авҷ гирифтанд. Вазир бо баргузории ҷаласаи фаврӣ аз афзоши фоҳишагарию даллагӣ изҳори нигаронӣ намуда, дастур дода буд, ки барои ҷилавгирии фаҳшу фасод рейдҳои махсус роҳандозӣ шавад.