Шикоят аз ғавғои шабонаи хатмкунандагон ва бефаъолиятии пулис (ВИДЕО)
Бархе аз сокинони Душанбе мегӯянд, шаби 7 ба 8 июни соли ҷорӣ хатмкунандагони макотиби миёна ғавғо карда, оромии онҳоро халалдор намудаанд. Рӯзи 7 июн дар тамоми макотиби Тоҷикистон занги камолот садо дод ва ҳудуди 103 ҳазор хонанда бо мактаб падруд гуфтанд.
Ҳабиба Самиевна, сокини ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе, бо “Озодагон” дар тамос шуда, гуфт, “шаби шанбе чанд бор ба пулис занг задем, то оромиро таъмин кунанд. Навбатдор мегуфт, арзи Шумо қабул шуд ва мо чораандешӣ хоҳем кард. Аммо коре накарданд. Тамоми шаб хатмкунандагон ҳаёҳӯй мекарданд, бо мошинҳояшон сигнал мезаданд...”
Ҳарчанд дар шуъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфтанд, ки муроҷиату шикоятеро шаби 7 ба 8 июн нагирифтаанд, вале Саид Ҳамидзода, сокини дигари Душанбе ғалоғула дар шаби 7 июнро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ин ҳаёҳӯйи навҷавонон дар ҳоле буд, ки раисиҷумҳур ва вазири маорифи Тоҷикистон сайругашти хатмкунандагонро ҳангоми таҷлили занги камолот ҳатто рӯзона манъ карда буданд. Ӯ афзуд, нозирони пулис шаби 7 июн дар кӯчаҳои Душанбе кам ба назар мерасиданд.
Саида Қурбонова, модари се фарзанд аз ноҳияи Сино, низ шикоят дорад, ки хатмкунандагон шаби шанбе нагузоштаанд, фарзандонаш оромона хоб кунанд. Бо вуҷуди ин ҳама, Вазорати умури дохилӣ ва Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯянд, шикоятеро дарёфт накардаанд. Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори “Тоҷнюз” аз рӯзи таҷлили занги камолот дар Душанбе мечархаду баҳс мешавад, ки дар он муқаррароти Вазорати маориф барои таҷлили занги камолот нақз шудааст: