Баъд аз амри вазир ҳолатҳои боздошти танфурӯшу даллаҳо афзудааст
Баъд аз амри Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар ду рӯзи пеш мақомоти пулис ҳарчи бештар дар бораи ошкор шудани ҳолатҳои таҷовуз ба номуси ноболиғон, фоҳишагарӣ ва даллагию бадахлоқии сокинон хабар медиҳанд. Ҷаноби Раҳимзода рӯзи 5 июн бо баргузории ҷаласаи фаврӣ аз афзоиши фоҳишагарию даллагӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ намуда, дастур дода буд, барои ҷилавгирии фаҳшу фасод рейдҳои махсус роҳандозӣ шаванд.
Танҳо дар нимаи аввали рӯзи шанбе, 7 июн, торнамои расмии Вазорати умури дохилӣ аз се ҳолати боздошти даллаву нафаре, ки ба номуси духтари ноболиғ таҷовуз кардааст ва як бадахлоқ дар Душанбе хабар дод. Бино ба иттилои торнамои ВУД, рӯзи 6 июн як сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шудааст. “Б.С. манзили худро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон - Ҳ.З., С. Б., И.Х. ва М.Р., сокинони Ҳисор, Файзобод ва Тавилдара барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам овардааст”,-менависад сайти Вазорати умури дохилӣ. Дар идома таъкид шудааст, Б.С. ба ивази ин кораш аз сокинони Файзободу Ҳисор ва Тавилдара 100 сомонӣ гирифтааст.
Инчунин, ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузарондани чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ П.Ҳ.-и 18 сола, сокини ноҳияи Вахш, ҳамчун гумонбар барои алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонидошта бо нафаре, ки ҳанӯз ба синни 16 нарасидааст, боздошт гардидааст. Бар асоси иттилои мақомот, гумонбаршуда моҳи апрели соли 2014 дар дохили боғи фарҳангии ба номи Мирзо Турсунзода бо ноболиғ Д.С., соли таваллудаш 1998, алоқаи ҷинсӣ намудааст.
Маъмурони пулис мегӯянд, дар пайи гузаронидани чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ боз як сокини шаҳри Душанберо барои ҳаракатҳои бадахлоқонааш дастгир намудаанд. Тибқи иттилои манбаъ, А.Д.-и 30 сола, сокини ноҳияи Мӯъминобод, рӯзи панҷуми июн дар ҳолати мастӣ ба хонаи Б.А., ки бо фарзандони ноболиғаш зиндагӣ мекунад, ворид шуда, ба хонаи хоби ноболиғон даромадааст: “Дидаю дониста бо фарзанди соҳибхона Р.Г., ки ба синни 14 нарасидааст, ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом додааст”.
Як рӯз пештар мақомоти умури дохилӣ аз боздошти посбони 19-солаи осоишгоҳи “Самиг”-и ноҳияи Ваҳдат хабар доданд, ки барои робитаи ҷинсии се нафар шароит фароҳам кардааст.