Сӯҳбати Кабирӣ бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва маҳкум кардани ҳамла ба ӯ
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, шоми 6 июн бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади пештоз дар интихоботи президентии Афғонистон, ки ахиран аз ду сӯиқасд ҷон ба саломат бурд, телефонӣ гуфтугӯ карда, ҳамла ба корвони мошинҳои ӯву тарафдорнашро маҳкум намудааст.
Оқои Кабирӣ, инчунин, таъзия ва ҳамдардии роҳбарият, аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ-ро ба доктор Абдуллоҳ расондааст. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ, гуфт, “Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар навбати худ аз ҳамдардии Муҳиддин Кабирӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Ӯ гуфт, ҳамдилӣ ва дуои бародарону хоҳарони тоҷик дар чунин лаҳзаҳои душвор ва тақдирсоз барои ӯ ва ҳамроҳонаш нерӯи бештар мебахшад.”
Дар охири ин сӯҳбати телефонӣ Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ барои пирӯзиаш дар даври дувуми интихоботи президентии Афгонистон комёбӣ орзу кардааст. Дар ҳамин ҳол, Шӯрои амнияти Созмони Милал низ ҳамла ба доктор Абдуллоҳ ва тарафдоронашро маҳкум намудааст.
Ҳамлаи интиҳорӣ алайҳи номзади пештози интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 6 дар шаҳри Кобул – пойтахти ин кишвар сурат гирифтааст. Маводи таркандаи гузошташуда дар яке аз мошинҳои корвони гуруҳи доктор Абдуллоҳ замоне мунфаҷир мешавад, ки мошини онҳо аз як ҳамоиши мардумӣ аз Кобул Ориёно ба меҳмонхонаи Интерконтинентал ҳаракат доштаанд.
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ 54 сол дошта, дар маҳаллаи Корти Парвони Кобул ба дунё омадааст. Модараш тоҷик ва падараш пашту мебошад. Соли 1984 донишгоҳи Кобулро дар риштаи тиб ба поён расонидааст. Дар ибтидо ҳамчун табиби муҷоҳиддин ифои вазифа карда, дар солҳои ҷанг бар зидди неруҳои Иттиҳоди Шӯравӣ вориди мубориза шудааст. Дар ин давра ӯ ба ҳайси сарпарасти беҳдошти Ҷабҳаи панҷшер ва баъдан ҳамчун мушовир ва ҳамкори Аҳмадшоҳи Масъуд то озодии Кобул хидмат менамояд. Вай аз соли 1993 то 1996 дар шаҳри Кобул раиси дафтар ва сухангӯи Вазорати дифои миллии Афғонистон буда, соли 1997 ба ҳайси муовини вазири умури хориҷии кишвараш баргузида мешавад. Соли 1999 раҳбарии ин ниҳодро бардӯш мегирад.
Ӯ дар интихоботи президентии 5 апрели Афғонистон дубора номзадии худро эълон карда, бо ба даст овардани 43,7 дарсади оро (овоз) миёни рақибонаш номзади пешгоми ин корзор эълон гардид. Кумисюни марказии интихоботи Афғонистон дар пайи эълони натоиҷи интихоботи президентии 5 апрели соли ҷорӣ эълон намуд, ки дар ин давра ягон номзаде натавонист, беш аз 50 дар сад раъйи мардумро ба даст орад ва аз ин рӯ, ду номзади пешсаф - доктор Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки бо соҳибии 33,8 дарсади оро дар мақоми дуюм қарор дорад, дар даври дуюми интихобот вориди рақобат мешаванд. Санаи баргузории давраи дуюми интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 14 июн эълон шудааст.