(ВИДЕО) Шералӣ Хайруллоев: “Агар Худое накарда ҷанг шавад...”
Шералӣ Хайруллоев, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури амниятӣ, мегӯяд, коргардон ва дастандаркорони аслии ҳодисаи 21 майи Хоруғ дар шаҳри Душанбе қарор доранд.
Хайруллоев дар ин бора зимни суҳбат бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон ибрози назар кардааст, ки навори он тавассути яке аз шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ намоиш дода шуда, нусхаи он дастраси “Азия-Плюс” гардидааст. Оқои Хайруллоев дар ин сӯҳбаташ мегӯяд, “бо онҳо телефонӣ суҳбат доштам, афроде, ки барои ҳалли мушкилоти Бадахшон талош доранд, шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд ва дар шаҳри Хоруғ низ наздикону афроди оилаашон ба сар намебарад.”
Ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идома аз сокинон даъват кард, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, чун ба қавли ӯ, чизе монеи ин афрод барои расидан ба ҳадафҳои сиёсияш шуда наметавонад. “Агар ба хотири ҳадафҳои сиёсиашон тамоми Бадахшон аз байн равад, парвое надоранд. Аммо сад афсӯс, ки мо мардуми куҳистон гаправу сода ҳастему ба гапи ҳар нафар бовар мекунем”,-таъкид доштааст ӯ.
Шералӣ Хайруллоев, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури амнияти миллӣ, мегӯяд, сар задани ин гуна ҳаводис дасти давлатҳои абарқудрат мебошад: “Давлатҳои абарқудрат мову Шуморо ҷанг андохтаниянду оромии кишварро аз байн бурданианд, агар Худое накарда ҷанг шавад, дар инҷо намояндагони тамоми гуруҳҳоро дидан имкон дорад. Аз Толибон то ал-Қоидаву Ансоруллоҳ ва Ҳаракати исломии Узбакистон. Чун мақсади инҳо хилофат ташкил кардан дар Осиёи Марказӣ мебошад.”
Ӯ гуфт, ин ҳама заҳматҳои онҳову раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хотири нигаҳдории сулҳу суботи кишвар мебошад. Ба гуфтаи Хайруллоев, ҳодисаҳои монанд ба 21 майи Хоруғ тақрибан дар ҳама кишварҳои дунё рух медиҳад, вале онҳо бояд дар ҳамдастӣ бо мақомоту сокинон ҳалли худро ёбанд.