Эълони номи сокини Тоҷикистон, ки дар СИЗО-и Маскав даргузашт
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷузъиёти ҳалокати як сокини кишвар дар боздоштгоҳи муваққати Маскав ва ному насаби ӯро ошкор кард. Ба қавли масъулони сафорат, Шералӣ Назриеви 34-сола рӯзи чоруми июн дар боздоштгоҳи рақами 3-и пойтахти Русия худро овехтааст.
Ба иттилои манбаъ, Назриев бар асоси моддаи 228, қисми 1-и Кодеси ҷиноии Русия муттаҳам дониста мешуд. “Ҷасади ин шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз утоқҳои боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО)-и рақами 3-и кӯчаи Силикатнаяи Маскав пайдо шуд. Ҳоло ҷасади ӯ дар сардхона (морг)-и рақами 10-и пойтахти Русия қарор дорад”,-гуфт дар сӯҳбат бо мо Ҳабибулло Каримов, масъули дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Мусоҳиби мо афзуд, кормандони Хадамоти консулгарии сафорат ин ҳодисаро таҳти назорати худ гирифта, бо масъулони боздошnгоҳи муваққати Маскав низ сӯҳбат кардаанд. Муфаттиши қазия гуфтааст, ин шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 3 июн боздошт шуда, ҳамагӣ баъд аз як рӯз худро овехтааст.
“Ҳоло онҳо ба шуъбаи умури дохилии ноҳияи Рӯдакӣ, ки Шералӣ Назриев истиқоматкунандаи ҳамин ноҳия мебошад, хабар расонданд”,-илова кард Каримов. Қабл аз ин, “Интерфакс” бо такя ба суханони манбаи худ дар мақомоти қудратии Русия навишта буд, ки ин шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон гӯиё ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт гардида буд.