Абдуҷаббор Раҳмонов дар бораи нарасидани кадрҳо дар Хатлон
Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, мегӯяд, норасоии кадрҳо дар макотиби кишвар, аз ҳама бештар дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷой дорад. Раҳмонов ҳангоми баромадаш дар як ҳамоиш зарур хонд, ки хатмкунандагони Донишгоҳи омӯзгорӣ бештар ба вилояти Хатлон сафарбар шаванд.
Ба ақидаи ректор, дар навоҳии вилояти Бадахшон кадрҳо зиёданд, бинобар ин, донишҷӯён бештар бояд ба ноҳияҳои Хатлону Рашту Суғд сафарбар шаванд ва дар ин манотиқ масъалаи хобгоҳ ҳам мушкил надорад. Ба иттилои масъулин аз Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, имсол тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм ба вилояти Хатлон 169 нафар, ба вилояти Суғд 52 нафар, ба Бадахшон 52, ба шаҳри Душанбе 102 нафар ва ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 158 нафар омӯзгори ҷавон сафарбар мешаванд.
Абдуҷаббор Раҳмонов таъкид кард, муҳассилини квотадор тибқи роҳхате, ки доранд, ҳатман бояд ба маҳалҳои худ баргашта, аз рӯи ихтисосашон фаъолият намоянд: “Дар соли таҳсили ҷорӣ донишгоҳро аз рӯи 27 ихтисос 909 нафар донишҷӯ, аз ҷумла 533 нафар аз тариқи буҷавӣ, 101 нафар тибқи квотаи президентӣ ва 376 нафар аз тариқи шартнома хатм менамоянд”.